Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва чорвои ҶДММ «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи

БАХШИДА БА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Президенти Тоҷикистон то моҳи августи соли равон 400 маротиба сафари хориҷӣ анҷом додаанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 400 маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Сарвари давлат, аз ҷумла 68 маротиба ба Россия, 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон ва ба кишварҳои гуногуни сайёра баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сафарҳои дигар анҷом додаанд. Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудааст, далели ин гуфтаҳост. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992-2022 ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» омода ва ба намоиш бароварда шудааст.

Харита шакли чоркунҷа дошта, ҳаҷмаш 150 х 130 см мебошад. Харитаи мазкур доир ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 маълумоти фаровонро дар бар гирифта, дар манзари харитаи ҷаҳон бо тасвири аломатҳои муосири харитасозӣ ва феҳрист доир ба таърихи рӯз, шаҳр, давлат ва мақсади сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинанда маълумот медиҳад.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати таҷлили санаи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд, бахусус озодии андешаю баён дар ВАО бо назардошти манофеъи миллӣ дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ сухан кард. 

Ифтитоҳи бинои иловагии панҷошёнаи таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”

Дар идомаи сафарӣ корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёниятҳои замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Дар бино кафедраҳои фармасевтӣ ва ҳамширагӣ ҷойгир буда, ҳамчунин 9 толори алоҳидаи лексионӣ дар дохили он ҷой дода шудааст, ки бо истифода аз чунин имконоти мусоид минбаъд сатҳу сифати таълим дар коллеҷ боз ҳам баландтар бардошта мешавад.

Страницы