Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

«Маркази тиббии Саломат» бо мақсади расонидани кумаки ташхисию табобатӣ ба сокинон бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиза Умарова бунёд гардидааст.

Сохтмони бинои маркази тиббӣ соли 2021 оғоз гардида, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллӣ давоми ду сол анҷом дода шудаанд.

Дар таҳхонаи бино бахши физиодармонӣ ва дорухона, дар ошёнаи аввал ҳуҷраҳои сабти барқии дил, ташхиси эхоултрасадоии дил ва ташхиси томографияи компютерӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм хуҷраҳои қабули бемориҳои занона, дандонпизишк, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои дил, амрози дарунӣ, асаб, ҳуҷраи амалиёти фаврии ҷарроҳиҳои хурд, ҳуҷраҳои табобати интенсивӣ ва озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ҷойгир  шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконияти мусоиди ташхису табобат дар ин марказ баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ва фаъолияти софдилона ба кормандони он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Барои фаъолияти пурсамари «Маркази тиббии Саломат» ба арзиши умумии 10 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб шудааст.

Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти томографии компютерии истеҳсоли ширкати “Сименс”-и Олмон, ки бо арзиши чор миллион сомонӣ харида шудааст, муҷаҳҳаз мебошад.

Кори ин таҷҳизот дар марказ боиси боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дақиқ шудани ташхису табобат мегардад.

Ба фаъолият оғоз намудани маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки минбаъд сокинон дар маҳали зисти худ аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ бархурдор гарданд.

Тавре ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, баъди ба истифода додани маркази саломатӣ 30 нафар мутахассисони соҳа ба кор ҷалб гардида, ба 30 ҳазор нафар аҳолии атроф хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.