ТЕАТР- ПАЙВАНДГАРИ МАЪНАВИИ НАСЛҲО. Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 ноябр бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону кормандони театру муассисаҳои фарҳангии мамлакат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи театри тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳунармандон ва дӯстдорони ҳунари волои театрро бо фарорасии ин рӯз самимона табрик намуда, даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро давраи пешрафт ва густариши театри тоҷик номид.

Иброз гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 театри нав таъсис дода шуд ва алҳол шумораи умумии театрҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ 18-то мебошад. Албатта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ санъати театрии мамлакат ба бисёр муваффақият ноил гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ин ҳама пешравию муваффақият шаҳодати дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Театр ҳунари андешасоз аст, ки дар фарҳанги ҳар миллат ҷой дорад.

Чуноне ки Сарвари давлат дар ин маврид таъкид доштаанд: «Театр пайвандгари маънавии наслҳо буда, рукни муҳимму барҷастаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад». Воқеан ин суханҳои пурарзиш бояд роҳнамо ва қутбнамои ҳар коргардон, ҳунарпеша, рассом, драманавис, хуллас тамоми аҳли театри мамлакат бошанд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати рушди ин соҳа пайваста дар талош буда, саҳнаҳои пур аз хотироти ноб ва нақшҳои мондагори ҳунармандонро ҳамеша қадрдонӣ месозад. Зеро театр оинаи таъриху имрӯзи мо ва театр руҳи зиндагӣ дар инсон аст.

Дар Рӯзи театри тоҷик як зумра ҳунармандон ва кормандони театрҳои мамлакат бо унвонҳои баланд ва диплому сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросим порчаҳои ҷолибу рангоранг аз намоишҳои театрӣ манзури тамошобинон гардонида шуда, санъаткорон низ бо ҳунари волои худ табъи тамошобинону иштирокчиёнро болида гардониданд.