Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита

9 ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва матбуоти даврӣ, тақвияти бахши хабарӣ, афзун бахшидани сатҳи забондонӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо коршиносону олимон зимни таҳияи барномаҳо вобаста ба мавзуоти минтақа ва ҷаҳон, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар гузоришу барномаҳо, тарҷума, дубляж ва таҳияи филмҳои хурди мустанад, инъикоси навъҳои гуногуни варзиши миллӣ дар шаҳру деҳот ва дигар масъалаҳо марбут ба фаъолияти сохторҳои Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолияти сохторҳо, беҳтар гардондани шароит ва имконоти  эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ,  таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастии насли наврас ба роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио ва дигар сохторҳои Кумита дастурҳо дода шуд