Маҳфили адабии “Хирадмандон”

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобу китобхонӣ ва ҷалби кормандони соҳа ба маърифатандӯзӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд.

         Дар ин замина маҳфили адабии “Хирадмандон” амал мекунад, ки дар маҳфили навбатии «Хирадмандон» доир ба китоби “Марворидҳои бесадаф”, ки аз гулчини осори адибони маъруфи дунё дар ситоиши зан ва муҳаббати ишқи поку беолоиш ҳикоят мекунад, андешаронӣ сурат гирифт.

      Дар маҳфил кормнадони “Телевизиони Тоҷикистон”, телевизиони «Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, радиои «Тоҷикистон», “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком”, Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, хонандагони МТМУ-и №6-и пойтахт ва ҳаводорони сухан иштирок доштанд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футзали Тоҷикистон 100 ҳазор доллар ҷудо кард

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 баҳои баланд дод. Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Барои ин комёбӣ раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футзали кишвар ҳамчун мукофотпулӣ 100 ҳазор доллар ҷудо кард.

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт

26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд

 Дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия бо нишони олии қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба саромадони адабиёти классикии тоҷику форс аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, През

Страницы