МУЖДАИ ВАРЗИШ! Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев соҳиби роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 шуданд

Дар рӯзи ҳаштуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 муштзанони тоҷик ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд. Гарчанде дар ин рӯз Шоира Зулқайнарова дар вазни то 66 кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг тавонистанд, ки пирӯзӣ ба даст оварда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро соҳиб шаванд.

ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Имсол ин сана ба 1 октябр рост омад. Бо дарназардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат бо гузаронидани ҳамоишу маҳфилҳои гуногун доир мегардад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ректори Донишгоҳи давлатии

Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 29-уми сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ солҳои охир барои беҳтар намудани суръати тараққиёти соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон

Ҳамтоёни муҳтарам,

Муҳтарам хонум Катрина Клаас,

Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории форуми имрӯза изҳори сипос намоям.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд.

Страницы