«EXPO 2023 DOHA». Гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ дар Давҳа 500 ҳазор нафар тамошо намуд
Нашр шуд. Душ, 22/01/2024 - 13:1121 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки онро зиёда аз 500 ҳазор меҳмон тамошо намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қатар, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар ин давлат, намояндагони бахшӣ хусусӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Қатар иштирок намуданд.