Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Дониёркули ноҳияи Бохтар
Нашр шуд. Чор, 08/10/2014 - 15:00Омӯзгорон ва падару модарони арҷманд!
Фарзандони азиз!
Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани як қатор иншооти нав, аз ҷумла ду муассисаи тандурустӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоати Бустонқалъа гардидем, ки аз татбиқи тадбирҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.