Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш
Нашр шуд. Чор, 16/08/2017 - 13:36Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.