ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Нашр шуд. Сеш, 25/06/2024 - 07:469 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир ба татбиқи қонунҳои марбут ба танзиму анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд изҳори назар намуда, аҳли ҷомеаи мамлакатро ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкур даъват намуданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро афзалият гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дошта, шукргузорӣ кунем.