Ахбор
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор»
Нашр шуд. Сеш, 20/08/2024 - 14:19Муҳтарам ҷаноби Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Олиҷанобон,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҳиндустон барои баргузории ин чорабинии муҳим, Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб арзи сипос намоям.
Мо нишасти имрӯзаро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир медонем.
Дар воқеъ, ҳамаи минтақаҳои дунё бо шумули ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар як марҳилаи душвор қарор доранд.
Маҳз аз ин рӯ, минтақаи фарохи Ҷануб ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.
Ҳозирини муҳтарам,
Тайи панҷ соли охир, мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар Сайёра гашта истодаем.
Тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо сабт шуда, ин сол нишондиҳандаи баландтарин дар ин зимн ба қайд гирифта шуд.
Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми «Садои ҷаҳони Ҷануб» иштирок ва суханронӣ намуданд
Нашр шуд. Сеш, 20/08/2024 - 14:1717 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки дар мавзӯи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардида, дар бораи мушкилот, афзалиятҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷаҳони Ҷануб, бахусус барои таъмини рушди устувор пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ин ҳамоишро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дониста, кишварҳои Ҷанубро ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ даъват намуданд.









