Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Асозода муовини якуми Вазири кишоварзӣ таъйин карда шуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд

14 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.

Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бошукуҳ истиқбол гирифта шуданд

Ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан баргаштанд, пешвоз гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы