Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Нашр шуд. Пан, 08/08/2024 - 19:188 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.









