Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Нашр шуд. Душ, 05/08/2024 - 16:36Субҳи 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шуниданд.









