Ахбор

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.04.2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмон дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон, ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Президенти мамлакат доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи мамлакат машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Страницы