Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Нашр шуд. Шан, 06/07/2024 - 13:21Дар ин рӯзҳои фараҳбахши тобистон ман бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ омадам. Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистони афсонавӣ хоҳад буд. Бори охир ман панҷ сол пеш ба Тоҷикистон сафар карда будам. Чунончи шоири маъруфи тоҷик Рӯдакӣ фармудааст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон».









