Ахбор
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР 37 СОХТОРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Нашр шуд. Душ, 15/04/2024 - 17:17Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Душ, 15/04/2024 - 14:14ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 апрели соли 2024 №212
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Носирзода Ҷаббор
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 апрели соли 2024 №213
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Наимӣ А.Қ.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Душ, 15/04/2024 - 14:12ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
озод намудани Қосим Роҳбар
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№805
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе озод намудани Билол И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.