Ахбор
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Нашр шуд. Сеш, 28/01/2025 - 14:2827-уми январи соли 2025 дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси Кумита Носир Саидзода ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 21/01/2025 - 16:02АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 январи соли 2025
№АП-723
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ғанизода Шӯҳрат Абдулмаҷид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 январи соли 2025
№АП-724
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 21/01/2025 - 16:01ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 21 январи соли 2025 №32
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Шараф
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Шараф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 21 январи соли 2025 №33
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Давлатзода Қ.