Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд
Нашр шуд. Чор, 03/04/2024 - 17:49Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш меёбад.