Тоҷикистон ва Қатар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд

26 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори рушд ва татбиқи лоиҳаҳои ширкати қатарии «Диёр» дар Тоҷикистон Ид ал-Каҳтанӣ ва директори иҷроияи ширкати саҳомии Urbacon Trading & Contracting (UCC) Жан Элиас Акарӣ мулоқот намуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбир

Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ бо иштироки шаҳрвандони муқими кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони раиси Кумита Дилафрўз Рустамзода, Суҳроб Ализода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва муассисаҳои тобеъ, иштирок намуданд.

Нахуст раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Сипас, директори МД Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Исматзода вобаста ба “Ташкили курсу семинарҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва натиҷаҳои назарсанҷии кормандони академия дар шаҳру навоҳии кишвар” баромад кард.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа муовини якуми директори МД телевизиони кўдакону наврасон “Баҳористон” Сиёвуш Хидирзода дар мавзуи “Таҷдид ва таҳияи нави барномаҳои тарбиявӣ, тарҷума ва дубляжи филмҳои ҳунарӣ, илмӣ-оммавӣ ва аниматсонӣ”маърўза намуд.

“Санҷиши вазъи фаъолияти таъминоти техникӣ, ҳолати воқеӣ ва истифодаи таҷҳизоти мавҷуда, касбияти кормандони техникӣ ва шароити кору фаъолияти онҳо дар телевизион ва радиои ВМКБ”, яке аз мавзуоти дигари рӯзномаи мушовара ба ҳисоб рафта, оид ба масоили татбиқи он муовини сардори раёсати истењсолӣ ва назорати техникӣ Исмоил Маликов суханронӣ намуд.

Страницы