ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Нашр шуд. Сеш, 25/06/2024 - 07:469 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир ба татбиқи қонунҳои марбут ба танзиму анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд изҳори назар намуда, аҳли ҷомеаи мамлакатро ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкур даъват намуданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро афзалият гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дошта, шукргузорӣ кунем. Инҷо иқтибосҳоро аз ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меорем, ки бояд дар фаъолияти ҳамарӯза дар меҳвари андеша ҷой дода, мавриди иҷро қарор диҳем.
***
Ба шарофати рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти халқамон, яъне истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.
***
Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми мамлакат дастрас намоем.
***
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Ивановна ва Вячеслав Викторович изҳори тасаллӣ намуданд
Нашр шуд. Душ, 24/06/2024 - 15:28Муҳтарам Валентина Ивановна,
Муҳтарам Вячеслав Викторович,
Аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, инчунин, ба ҳамаи наздикону пайвандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони осоиштае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дербент ба ҳалокат расиданд, тасаллияти амиқ баён мекунам.
Ба ҷароҳатбардоштагону осебдидагон суханони самимии дастгирӣ ва таманнои шифои оҷилро мерасонам.
Бо таъзияи амиқ,
Рустами Эмомалӣ
Уважаемая Валентина Ивановна,
Уважаемый Вячеслав Викторович,
От себя и от имени членов Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан выражаю глубокое соболезнования Вам, а также всем родным и близким погибших сотрудников правоохранительных органов и мирных граждан в результате жестоких терактов в городах Махачкала и Дербент.
Направляю искренние слова поддержки и пожелания скорейшего выздоровления раненым и пострадавшим.
С искренними соболезнованиями,
Рустами Эмомали









