Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

ЭҲТИЁТ- НИМИ ҲАЁТ! Аз аввали соли равон дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шуданд

Аз аввали соли равон то имрӯз дар обҳои мамлакат 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, дар ҷойҳои махсус ҷудошуда (соҳилҳо) оббозӣ кунанд, танҳо ва шабона шино накунанд, инчунин волидон кӯдаконро дар соҳили обанборҳо беназорат нагузоранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 18 июн дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ навраси 16-солаи сокини деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ, соати 19:10 ҷасади ҷавонро пайдо намуда, ба кормандони милитсия супурданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои истироҳатӣ — 16 ва 17 июн дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2 сола мешуд.

16 июн, соати 13:20 дақиқа як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи Ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот, корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рух додааст. 16 июн, соати 17:40 як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст.

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Имрӯз дар пойтахти мамлакат  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Страницы