Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид

Дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Дар мақолаҳо ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Страницы