Ахбор

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳасанзода Г.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 январи соли 2025
№916

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи котиби
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмудзода Н.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 январи соли 2025
№917

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва дар бораи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад ирсол гардид.

Роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда мешаванд.

Дар қисмати аввали маҷлис нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд.

Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 — 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 — 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд

16 ноябр дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро таъкид карда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори ҳавасмандӣ  намуданд.

Муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар тавсеаи робитаҳои дуҷониба  таъкид карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин ҷиҳати таҳкими равобиту ҳамкории  доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат ва истифодаи имконияти сармоягузориҳои ҷониби Эрон ба иқтисодиёти  Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Страницы