Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.

Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.

Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.

Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ  ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.

Таъкид гардид, ки Тахти Олишаън ҳамчун субъекти низоми байналмилалӣ дар умури ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Саҳми доимии ӯ дар татбиқи принсипҳои сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ доир шуд.

Сипас, бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рим Франсиск ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими аксбардорӣ доир шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуданд.

Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.04.2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.

         Нахуст маърӯзаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид оид ба натиҷаҳои семоҳаи самтҳои асосии фаъолияти кумита шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати итттилоотии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши назаррас мегузорад. Раиси кумита самтҳои асосии фаъолияти сохторҳоро мавриди муҳокима қарор дода, фаъолияти натиҷабахши Шуроҳои - бадеӣ, таҳрирӣ ва техникии кумитаро муҳим шумориданд. Зеро самаранокии кори ҳама бахшҳои кумита аз фаъолияти сифатноки онҳо вобастагии калон дорад. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмон дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон, ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба парвариши зардолу мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидаанд, ки 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.

Страницы