Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуданд.

Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.04.2024 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.

         Нахуст маърӯзаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид оид ба натиҷаҳои семоҳаи самтҳои асосии фаъолияти кумита шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати итттилоотии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши назаррас мегузорад. Раиси кумита самтҳои асосии фаъолияти сохторҳоро мавриди муҳокима қарор дода, фаъолияти натиҷабахши Шуроҳои - бадеӣ, таҳрирӣ ва техникии кумитаро муҳим шумориданд. Зеро самаранокии кори ҳама бахшҳои кумита аз фаъолияти сифатноки онҳо вобастагии калон дорад. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмон дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон, ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба парвариши зардолу мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидаанд, ки 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Президенти мамлакат доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи мамлакат машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат  ва ҳамкорӣ бо кулли ҷаҳон ҳамасола барои идомаи таҳсили ҷавонон квотаҳо ва барои муҳоҷирони корӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи будубоши онҳо таҳия ва қабул мегарданд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.

Страницы