Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила зиёда аз 300 нафар занону кӯдакони тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардондани шаҳрвандони мамлакат аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст.

Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд.

Масъалаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.

Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму омӯхтанӣ дар ниҳолпарварӣ, ҷангалофарӣ, сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд парваришгоҳҳои ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ, аз ҷумла хеле зебову нодир дидан карда, бо тарзи шинондан, қаламчагирӣ, парвариш, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд.  Зимнан ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар ин боздид ҳузур доштанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварон ва экологҳои италиявӣ супоришу маслиҳатҳои муфид доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон (2:1) пирӯз шуд.

Страницы