Ахбор
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Нашр шуд. Пан, 18/04/2024 - 18:16Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Нашр шуд. Пан, 18/04/2024 - 17:56Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Нашр шуд. Пан, 18/04/2024 - 15:15Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Узбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд.









