Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии «Палос» -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ — таҷрибавии «Палос» ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно намуданд.

Страницы