Ахбор
Байни Тоҷикистон ва Туркманистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 20:19Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Зимнан санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 20:16Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда байни Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 20:13Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ояндадори «Дарҳои боз» тавонист фазои дӯстона ва муносибатҳои густурда бо мамлакатҳои ҳампаймон ва ҳамрадифашро барқарор намояд.Аз ҷумла, Тоҷикистон бо Туркманистон шарикии стратегӣ ва ҳамкории густурдаро дар соҳаҳои гуногун барқарор намудаанд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду мамлакат аст, ки робитаҳои давомдор ва ҳамкории мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ин ду мамлакат мустаҳкаму устувор гардидааст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риштаи дӯстиву бародариро бо собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов оғоз намуда, дар заминаи ин ҳамкориро тақвият бахшиданд.









