Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Субҳи имрӯз Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ  байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита  равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  густариш меёбад.

Дар ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони туркман барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.

Бояд гуфт, ки  пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд.

Тибқи барнома, 4 апрел  ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории рӯзҳо 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Тақвияти ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ

03.04.2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо Ҷастин Бредфилд- Сардори шуъбаи иртибот, таблиғот ва ҳамкории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкории байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғоз раиси кумита Нуриддин Саид доир ба фаъолияти телевизиону радиоҳои Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, таъкид дошт, ки барои тавсеаи муносибатҳо заминаҳои боэътимод фароҳам аст. Ва ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ ҳамкории самарабахш намоянд.

Дар вохӯрӣ таҳияи филмҳои аниматсионии бисёрсериягӣ бо забони тоҷикӣ ва пахши он тариқи «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» махсус таъкид гардида, омода ва пешниҳоди барномаҳои маърифатию забономӯзӣ барои кӯдакон низ баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  ба фаъолият шурӯъ кард. Ин шабака ҳамарӯза  бинандагони хурдсоли худро бо барномаҳои ҷолибу диданӣ шод мекунад.

Зафар Қаюмзода

 

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд

Имрӯз, 3 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат гирифта шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон 5 апрели соли 2024 анҷом меёбанд.

АМИТ «Ховар»

Страницы