Наврӯз-ҷашни хуррамию шодӣ!
Нашр шуд. Чор, 27/03/2024 - 17:28Истиқболи гарму самимӣ аз ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.
Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулону доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохторҳо иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти кумита аз хони наврӯзӣ, ҳафт шину ҳафт син, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдузӣ, анвои нонию қаннадӣ ва дигар дастовардҳо дидан карданд.
Дар идома раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, Зикр доштанд, ки имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни Наврӯзи бостон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса идома дошта, сокинони сарбаланди диёри азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини милливу мардумӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ, соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Наврӯз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз ҷониби СММ ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз - ҷаҳонӣ шудани фарҳангу тамаддуни миллати тамаддунофари мо мебошад.
Раиси кумита иброз намуданд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор, бедоршавии табиат, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд.









