ШУУРИ ДИНӢ — ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ — ФАРҲАНГӢ. Андешаҳо вобаста ба далелҳо ва механизмҳои шаклгирии он
Нашр шуд. Душ, 25/03/2024 - 08:30Таҷрибаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик баёнгари он ҳастанд, ки вазъи шуури динӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории навин масъалаи мубрам ва афзалиятнок ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала 9 март дар “Кохи Ваҳдат” мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат андешаҳояшонро доир ба вазъияти динии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи дину дингароӣ ба фаъолони ҷомеа ва ходимони дин маслиҳатҳои судманд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дини Ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад ва мардумро дар ҳама ҳолат ба сулҳу салоҳ ва дӯстӣ даъват менамояд.
Бояд гуфт, ки дини Ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф намудааст. Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед…». Яъне дар шакли қавму қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллат, расму ойин, забону фарҳанг ва дигар унсурҳо фарқкунанда мебошанд.









