ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Нашр шуд. Ҷум, 15/03/2024 - 16:35Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамояд.
Мақсади асосии фестивал-озмун тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, дарёфти муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он, инчунин ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад.
Интихоби беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра), ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ дар васфи Ватан, дастовардҳои миллӣ, табиати нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳӣ дар як давр бо роҳи арзёбии маводи пешниҳодгардида аз ҷониби ҳакамони фестивал-озмун анҷом дода мешавад.









