Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави як қатор давлатҳо эътимоднома қабул намуданд

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд

10-13 июни соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки барои иштирок дар инъикоси ин чорабинӣ дар сомонаи расмии конфронс то 20 майи соли 2024 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

ЭЪЛОН! 14 ва 15 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад

Вобаста ба дархости зиёди сокинони мамлакат  рӯзҳои  14 ва 15 марти соли 2024, соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли  ҷомеа  ва ходимони дини мамлакат аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин 9 марти соли равон дар кохи «Ваҳдат» баргузор гардида буд.

Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) низ танҳо як бор ҳаҷ намудаанд.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шуд, ки барои иҷрои супоришҳо вобаста ба  таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд бо 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.

Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.

Страницы