Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки иншооти навро бо назардошти сохти меъмории замонавӣ, босифат, мусоид барои кору хизматрасонӣ ва дар муҳлати муайяншуда сохта, ба истифода диҳанд.

Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир баҳри хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бунёду ба истифода додани бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди саноат туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони соҳа мебошад.

Бо иҷрои супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими созандагиҳо дар шаҳри Душанбе ба таври намунавӣ таъмин шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос  гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд мешаванд. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имконияти муосири корӣ фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир мешаванд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат менамояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд.  

Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи «Нассоҷии Тоҷик» мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷой нави кор барои занону духтарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки иқтидору захираҳои корхонаи нассоҷии тоҷик имкон медиҳад дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо истифода аз ҳамаи имконият иқтидори корхона боло бардошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида ба роҳ монда шавад.

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Страницы