Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд
Нашр шуд. Чор, 13/03/2024 - 15:2513 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.
Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд мешаванд. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имконияти муосири корӣ фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир мешаванд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат менамояд.









