Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

7 марти соли 2024, шаҳри Душанбе

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.

Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст.

Аз ҷумла яке аз бузургон чунин гуфтааст: «Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст.

Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад.

Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст».

Бинобар ин, ҳар яки мо барои шири сафеду ҷонбахш, аллаҳои пур аз умеду орзу, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳату дуои модар аз ӯ як умр қарздорем.

Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем.

Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем.

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи телевизион ва радио рушд меёбад

Имрўз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.

Нахуст раиси Кумита Саид Нуриддин Саид доир ба фаъолияти телевизиону радиоҳои Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, таъкид дошт, ки имрӯз муносибатҳои ҳасанаи ҳарду ҷониб, ки бо шарофати талошҳои роҳбарияти олии давлатҳоямон фароҳам омадааст, заминаву имконоти васеъи рушду равнақи ҳамкориҳои соҳавиро ба вуҷуд овардааст. Зикр шуд, ки  ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр кардани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.

Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён омодагии кишварашро дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио таъйид намуда, изҳор дошт, ки баҳри татбиқи ин ҳадафҳо талош хоҳад кард.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва бонувони сохторҳои кумита бахшида ба Рӯзи модар чорабинии бошукўҳи ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси кумита Саид Нуриддин

Страницы