Ахбор

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллӣ таъйиноти кадрӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуданд.

Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматзода Баҳриддин Вайсиддин Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Лутфулло Нусратулло муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ Халифа муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъйин гардиданд.

Ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсатҳо ва командирони баъзе қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаи низомӣ таъйин карда шуданд.

Страницы