Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»
Нашр шуд. Ҷум, 23/02/2024 - 11:34
Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Ташаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.
Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.



