Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
Нашр шуд. Шан, 18/01/2025 - 14:54Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”.
Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”.
Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.