Ахбор

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 90 миллиард сомониро ташкил дод

Соли 2023 ҳаҷми гардиши  савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин омор дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат баён шуд.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон: «Имконоти соҳаи кишоварзӣ ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд»

24 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён доштанд, ки бо вуҷуди он ки соли 2023 соҳаи кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале имконоти мавҷуда ҳоло ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 истеҳсоли

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд

25 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои

Страницы