Ахбор

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2024 №14
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонзода С.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№674

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Толибзода Ф.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

САДА-НИШОНЕ АЗ ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст намудани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.

Имрӯз ҳар тоҷики асил аз ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои бостонии миллат, аз ҷумла Наврӯз ва Сада ифтихор менамояд.

Дар раванди ҳамгироии фарҳангҳо ва фарҳангсозии субъектҳои муайяни ҷомеаи башарӣ, ки ин равиш бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд меорад ва сабаби чолишёҳои сиёсӣ мегардад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар дида, зарурати бештар касб менамояд. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «фарҳанг ҳастии миллат аст».

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, туҳфаҳои нодир дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Туҳфаҳо дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маъраз гузошта шудаанд.

Страницы