ДУШАНБЕИ ДИГАР. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев роҳи дусатҳа сохта мешавад
Нашр шуд. Чор, 24/01/2024 - 11:09
Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Дар айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

22 январ сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар анҷом ёфт.
Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа тими миллии Лубнонро мағлуб намуд,
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд, ки дар кори он Президенти мамлакат 



