Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар доир шуд
Нашр шуд. Душ, 22/01/2024 - 15:01
22 январ дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор шуд.

22 январ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди бахши сайёҳӣ, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст. Мо барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем. Чунин изҳор доштанд имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.
Дӯстони гиромӣ!



