Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот намуданд
Нашр шуд. Душ, 22/01/2024 - 13:59
22 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

21 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки онро зиёда аз 500 ҳазор меҳмон тамошо намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
21 январ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи Лусейли Қатар доктор Низам Муҳаммад мулоқот намуд.



