Дар Тоҷикистон Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Нашр шуд. Ҷум, 19/01/2024 - 12:03
28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили намоишгоҳ ва саёҳат ба маконҳои зебонманзари Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.





