СҲШ-2014

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи СҲШ ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо яз зумра ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳуҷҷатҳои зеринро ба имзо расониданд:
1. Эъломияи душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
2. Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи Ёддошти

СММ ба таҳкими ҳамкорӣ бо СҲШ омода аст

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ифтитоҳ ёфт, ки дар он муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Ҷеффри Фелтман иштирок намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки СММ омодааст ҳамкориро бо СҲШ ба манзури таъмини суботи минтақа таҳким бахшад. Номбурда даъват намуд, ки мубориза барои амнияту шукуфоии Афғонистон вусъат дода шавад.
«Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи умумии мо иборат аз дигаргунсозиҳо дар бахши амнияти Афғонистон ва то охири соли ҷорӣ аз ин кишвар хориҷ намудани қувваҳои байналмилалист. СҲШ ва давлатҳои аъзои он ҷонибдории худро аз ҳалли масоиле иброз доштанд, ки барои тамоми ҷаҳон ва суботи ояндаи Афғонистон муҳиманд», - афзуд Ҷеффри Фелтман.
Номбурда қайд намуд, ки саъю кӯшишҳои кишварҳои СҲШ барои рафъи хавфу хатари терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин муборизаи онҳо алайҳи фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ ба таҳкими амнияти Афғонистон ҳиссаи муҳим мегузоранд. Номбурда зикр намуд, ки самарабахшии ин чорабиниҳо зарурати таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро тақозо мекунад.

А.Отамбаев: Афзоиши экстремизми динӣ хатар барои Осиёи Марказист

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев зикр намуд, ки авҷ гирифтани экстремизми динӣ ва хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин хатари афзоиши интиқоли маводи мухаддир дар минтақа аз мушкилоти асосии минтақа боқӣ мемонанд ва давлатҳои минтақаро зарур аст ба ин масъала

Қабули Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Пас аз анчоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 12 сентябр аз чониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв, барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Дар сурати қабул щудани давлати дигар ба узвияти ба СҲШ ин Созмон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон нуфуз ва эътибори хоса касб мекунад.
Бояд гуфт, ки aз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба СҲШ на танҳо давлатҳои дар маҷмӯъ ҳаммарз аъзоянд, балки ду давлати дорои неруи ҳастаӣ ва аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - Русия ва Чин шомили он мебошанд. Аз тарафи дигар ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба шумор меояд.

АМИТ «Ховар»

Страницы