«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Шарҳи коршиносон доир ба ҳадафҳои эълони ин сол
Нашр шуд. Шан, 13/01/2024 - 10:29
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Чунин нигоштаанд ҳуқуқшинонсони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мақолаашон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Барандагони Ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд.



