Ахбор

«ВАССОФИ ВАТАН». Таҳти ин унвон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмун баргузор мегардад

Даҳаи охири моҳи ноябри соли равон, дар арафаи Рўзи Парчами давлатӣ барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Масъулони баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Минбари халқ», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мебошанд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» тарғиби дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ — Тоҷикистон, содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан ва саҳм гузоштан дар ободонии он мебошад.

DUSHANBE WATER PROCESS. Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад

Моҳи июни соли равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд – Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ расониданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки имрӯзҳо робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бомаром рушд меёбанд, ки дар пешбурди самараноки ин раванд мулоқоту тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доранд.

Ҷонибҳо муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд

8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ва музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкории гуногунҷанба нақши созанда дорад.

Ҷонибҳо нақш ва аҳаммияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ бисёр муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҳавасмандӣ баён доштанд.

Страницы